ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14421)

Ҳувал– Абҳиял– Абҳо! Эй Бениёз! Он мурғони чаманро парвоз деҳ ва он булбулони гулшанро бо ғазалхонӣ дамсоз намо ва ба овози Малакути Абҳоят ҳамроз кун, ваҷд ва тарабе дар қулуб андоз ва ҷазб ва валаҳе дар афъида ва арвоҳ афкан, то ҳар як бо чанг ва даф ва най ҳай– ҳай оғоз намояд ва сифати ҳамди Ту гӯяд, то ҳайкали олам ба эҳтизоз ояд ва ба ҳалҳала ва валвала оҳанги чанги Илоҳиро ба Малакути Абҳо расонад.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14422)

Ҳувалабҳо! Худоё, ин бечорагонро дар зилли Сидраи Мунтаҳоят маъво бахш ва ин оворагони бодияи ҳирмонро дар ҷивори фазл ва иноят малҷаъ ва паноҳе деҳ, ин ташнагони мафозаи бенавоиро бар шотии баҳри Аҳадият бирасон ва ин толибони Малакути Абҳоятро ба сарзамини ваҳдоният восил кун, ин туюри болу пар шикастаро дар ҳадоиқи тақдис дохил кун ва ин мурғони дамбастаро ба алҳони ҷавҳари тавҳид дар ҷаннати таҷрид ва фирдавси тафрид овоз ва тарона бахш, ва ин залилонро ба иззати қадимаат далолат фармо ва ин алилонро ба дарёқи форуқи аъзамат дармоне ато кун, ва ин фуқароро дар зилли иноят маскан деҳ ва ин зуъафоро ба шадид– ул– қуво таъйид фармо, то ин гумгаштагони саҳрои муҳаббатат дар мадинаи тақдис ворид шаванд, ва ин беҳушони бодаи ишқат дар анҷумани тавҳид чун шамъ равшан шаванд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14423)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, он муштоқонрo таҷаллӣ иноят фармо ва абвоби мавҳибат бикушо. Аз ҳар олудагӣ тайиб ва тоҳир кун ва аз ҳар ношоистагӣ озодӣ бахш. Қамисашон чун пираҳани Юсуф муаттар кун ва хулқ ва хӯяшонро чун ҷайби насими сабо пурмушк ва анбар намо. Ба сифоти раҳмоният муттасиф кун ва ба ахлоқи рӯҳониён мутахаллиқ, то оёти тавҳид гарданд ва байиноти ишроқи Нури Рабби Фарид, сабаби иззати Амри Ту гарданд, ва иллати бузургвории қадри худ, то шиддаташон ба рахо мубаддал гардад ва фақрашон ба ғано. Иззати абадия ёбанд ва мавҳибати сармадия, мазоҳири тақдис гарданд ва матолеъи танзеҳ. Аз олами нуроният ва руҳоният ҳикоят кунанд, то ҷамеъи абвоб аз ҷамеъи ҷиҳот бар вуҷуҳашон гушуда гардад. Иннака Антал Қави– юл– Қадир.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14424)

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Худованди Беанбоз! Ин ҳақиқати мубтаҳиларо монанди шамъ равшан кун, то дар ҳар ҷамъ ба зикри Ту машғул гардад. Нури ҳудо барафрӯзад ва дар анҷумани Раҳмон монанди сироҷ бисӯзад ва ба ёрон нур бахшад. Эй Худованд, рӯҳе дар дилҳо бидам, ки ҳамдами Ту гарданд ва шавқе дар қулуб биандоз, ки ба зикри Ту дамсоз шаванд ҷонҳоро шӯр ва валаҳе деҳ ва дилҳоро ваҷд ва тарабе бахш, ки ҳар дам рӯҳе тоза ёбанд ва ба суруре беандоза расанд. Эй Худованди Меҳрубон! Ёронро рӯҳ ва райҳон бахш, таъйиди осмонӣ фармо, то ташнагонро ба салсабили иноят далолат кунанд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Шунаванда ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14425)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд! Он нуфуси покро тобнок кун ва аз ҳазизи хок ба аъло дараҷаи афлок расон. Дилҳоро ҳадоиқи маонӣ кун ва ҷонҳоро ҷаннати раҳмонӣ фармо. Ба ҷунуди Малаъи аъло он ҷамъи бовафоро музаффар ва мансур кун ва ба фазли мавфур махсус фармо. Оёти тавҳид кун, ва роёти тамҷид фармо, ва рӯз ба рӯз таъйид бияфзо. Эй Яздон, он ҷамъ парешони Туанд ва он анҷуман ошно ва хешони Ту. Бахшиши бепоён ройгон фармо ва алтофи пинҳон арзон кун, то он ки ҳар як дар ин гулшани ҳақиқат гулбуни ҳидояте гарданд ва ҳар нафс ба нафаси раҳмонӣ ношири нафҳаи тайибаи ҳидоят шавад, забон ба баён кушоянд ва лисон ба бурҳон машғул намоянд. Иқомаи ҳуҷҷати қотиъа кунанд ва адиллаи сотиъа исбот намоянд.  Дар ҷаннати Абҳо булбулони маонӣ гарданд ва дар анҷумани аъло сабаби тараб ва шодмонӣ шаванд. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно ва Туӣ Ҳоким ва Ғолиб ва Худованди Беҳамто.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14426)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷамъ ёрони Туанд ва ба Ҷамоли Ту мунҷазибанд, ва ба нори муҳаббат муштаъиланд. Ин нуфусро малоикаи осмонӣ намо ва ба нафҳаи Руҳулқудс зинда фармо. Лисоне нотиқ бахш, ва қалбе собит ато фармо. Қувваи осмонӣ деҳ ва сануҳоти Раҳмонӣ бахш, ва мураввиҷи ваҳдати башар фармо, ва сабаби муҳаббат ва улфати олами инсонӣ фармо, то зулумоти муҳликаи таассуби ҷоҳилӣ ба анвори Шамси Ҳақиқат маҳв ва зоил гардад, ва ин ҷаҳони зулмонӣ нуронӣ шавад, ва ин олами ҷисмонӣ партави ҷаҳони рӯҳонӣ гирад, ва ин алвони мухталифа мубаддал ба як ранг гардад, ва оҳанги тасбеҳ ба малакути тақдиси Ту расад. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14427)

Ҳуваллоҳ! Эй Омурзгори Бузургвор! Ин гирифтори зулфи мушкборро аз бодаи муҳаббатат ҷоме саршор бахш, бедор ва ҳушёр кун, ғамхор ва ғамгусор гард, ва дилҷӯӣ намо, ва хушхӯӣ ато кун. Собит ва нобит фармо, ва қоим ва комил кун, муқаррари даргоҳ фармо ва воқиф ва огоҳ кун, шӯълаи ҷаҳонсӯз бахш ва нолаи ҷонсӯз деҳ, шамъи шабафрӯз фармо ва оҳи дилсӯз ато кун. Ношири нафаҳот фармо ва оёти боҳират кун. Ба кӯи Хеш роҳ деҳ ва ба партави рӯи Хеш равшан фармо. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Tавоно, Туӣ Бино ва Шунаво ва Худованди Беҳамто.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14428)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди беҳамто! Эй Раббил– малакут. Ин нуфус сипоҳи осмонии Туанд, имдод фармо ва ба ҷунуди Малаъи аъло нусрат кун, то ҳар як назири урдуе шаванд ва он мамоликро ба муҳаббатуллоҳ ва нуронияти таолими Илоҳӣ фатҳ кунанд. Эй Худо! Заҳир ва насири онҳо бош, ва дар биёбон ва кӯҳ, ва дара ва ҷангалҳо, ва дарёҳо ва саҳроҳо мӯниси онҳо бош, то ба қуввати малакутӣ ва нафасоти Руҳулқудс фарёд зананд. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Шунаво ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ (#14429)

Эй бандаи Ҳақ! Ҳиммате бинамо, ва домане ба камар зан, ва қасди мақоми баландтар аз афлок намо! Эй бандаи Ҳақ! Рахши сареъ ҳозир, майдони васеъ мавҷуд, гӯи саодат дар пеш, ва чавгони иноят дар даст. Вақти ҷавалон аст, ва рабудани гӯй аз майдон! Ман он чӣ шарти балоғ бо ту мегуям:
Бишитоб! Бишитоб, ки вақт танг аст ва оҳанги Мутриб наздик ба интиҳо! Агар дар ин базм каф назанӣ, даф назанӣ, овоз нахонӣ ва шаҳноз баланд накунӣ дигар дар чи замон махмур ва маст гардӣ? Вал Баҳову алайк

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

